РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ — ТАҶАССУМИ ВАҲДАТУ АДОЛАТ
Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҷиҳати дар амал иҷро намудани бандҳои нақша – чорабиниҳо баргузории силсилачорабниҳо ва маҳфилҳои илмӣ – маърифатӣ бо садорати факултетҳо баргузор гашта истодааст.
Ин навбат дар факултети механикӣ ва технологӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Рӯзи Конститутсия — таҷассуми ваҳдату адолат” бо иштироки декани факултет Исмонзода Р.Д., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шарофзода Э.У., муовини декан оид ба тарбияи факултет Саидзода Б.С., намояндаи раёсати тарбия, омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Рустам Исмонзода бо суханҳои табрикотӣ маҳфилро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ин санаи мубораку таърихӣ табрику таҳният гуфта, қайд кард, ки пас аз эълон гардидани Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ давлати мустақилу соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихӣ – бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардид.
Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаҳои давлатҳои устувору соҳибистиқлол доштани Конститутсияи комил ва ҳокимияти қавии конститутсионӣ мебошад. Шаклу сохтори сиёсии ҳар давлат, назму арзишҳои меҳварии ҳар ҷомеа ва сатҳи тараққиёти ҳар низоми сиёсиро маҳз аз моҳияти Конститутсияи он муайян мекунанд. Яъне, дар ҳақиқат Конститутсия шиносномаи ҳар миллат ва ҳуҷҷати муаррификунандаи моҳияту ҳувияти ҳар давлат мебошад, зикр намуд декани факултет.
Дар идома Эраҷ Шарофзода, Манучеҳр Каримзода ва Шуҳрат Ҳусейнов дар бобати Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки Конститутсия ҳуҷҷати таърихӣ мебошад. Гарчӣ давлат чандин ҳазорсолаҳо вуҷуд дорад, вале Конститутсия дар шакл ва мазмуни ҳозираи худ ҳамагӣ зиёда аз дусад боз амал мекунад. Дуруст аст, ки истилоҳи Конститутсия ҳанӯз дар Рими қадим маълум буд. Аммо он вақт баъзе санадҳои муҳимтарини шоҳон, ки муносибатҳои ба сохтори марзӣ - давлатӣ алоқамандро ба танзим меандохтанд, чунин номида мешуданд. Бо ин сабаб дар як вақт чандин конститутсияҳо амал мекарданд. Бо ҳамин шакл ва мазмун конститутсия дар баъзе мамлакатҳои Аврупо дар асрҳои миёна низ мавҷуд буд.
Дар фарҷоми маҳфил миёни омӯзгорону донишҷӯён бахши саволу ҷавобҳои ҷолиб сурат гирифт, ки донишҷӯён ба суолҳои пешниҳоднамудаи устодон посухҳои мушаххас гардониданд.