ҚОНУНИ АСОСӢ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

 05.11.2025

ҚОНУНИ АСОСӢ — ПОЯИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҷиҳати дар амал иҷро намудани бандҳои нақша – чорабиниҳо баргузории силсилачорабниҳо ва маҳфилҳои илмӣ – маърифатӣ бо садорати факултетҳо баргузор гашта истодааст.
Ин навбат дар факултети технологияи химиявӣ ва металургӣ ба муносибати 31-умин солагрди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ – маърифатӣ таҳти унвони “Қонуни асосӣ — пояи давлатдории миллӣ” бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шарофзода Э.У., мудири бахши кор бо занон Норкулова Г.Р., муовини декан оид ба тарбияи факултет Шарифов Н, намояндаи раёсати тарбия, омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Наҷибулло Шарипов бо суханони табрикотӣ, маҳфилро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, пояи асосии давлати соҳибистиқлол ва ҷомеаи демократии мо маҳсуб меёбад. Он на танҳо ҳуҷҷати сиёсӣ, балки рамзи волоияти қонун, адолат ва озодии шаҳрвандӣ мебошад. Маҳз Конститутсия буд, ки ба мардуми Тоҷикистон имконият дод, то роҳи давлатдории навинро интихоб намуда, низоми демократӣ ва дунявиро таҳким бахшанд.
Яке аз муҳимтарин меъёрҳои Конститутсия ин озодии фаъолияти сиёсӣ ва таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ мебошад. Тибқи моддаи 8-уми Конститутсия, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятӣ бар асоси гуногунандешии сиёсӣ сурат мегирад. Ҳизбҳои сиёсӣ ҳамчун ҷузъи муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳуқуқ доранд, ки озодона фаъолият кунанд ва дар ташаккули сиёсати давлатӣ саҳм гузоранд.
 
Ҳамзамон Эраҷ Шарофзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки Конститутсия ҳуҷҷати ҳуқуқӣ мебошад, ки асосҳои сохтори давлатӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян намуда, ҳамзамон ҳамчун санади сиёсӣ боиси ҷорӣ намудани тартибот дар ҳар як давлату ҷомеа мегардад. Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионалӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқиро мустаҳкам намуда, дар таърихи башарият маҳз конститутсияҳо сарчашмаи дигаруниҳои миллӣ-ҳуқуқӣ ва рушди ҷамъият гаштааст.
Пайдоиш ва инкишофи Конститутсияи Тоҷикистон бошад, ба барпошавии давлати миллии тоҷикон алоқаманд буда, панҷ марҳиларо аз сар гузаронидааст. Давлати миллии тоҷикон муовиқи Қарори Ҳукумати Кумитаи Иҷроияи марказии Итиҳоди Ҷумҳуриҳои Шравӣ сотсиолистӣ аз 25 октябри соли 1924 чун ҷузъе аз хоки Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, сипас соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили давлатиро соҳиб гашт.
 
Дар интиҳои маҳфил миёни иштирокдорон саволу ҷавоб доир ба модаҳои Конститутсия баргузор гардид.

Ба рӯйхат