31 - СОЛИ АДОЛАТ ВА РОҲИ УСТУВОРИ СУЛҲУ СУБОТ БО КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН

 11.11.2025

31 - СОЛИ АДОЛАТ ВА РОҲИ УСТУВОРИ СУЛҲУ СУБОТ БО КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН

 
Ба хотири гиромидошт ва таҷлил аз 31-умин солгарди ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҷиҳати дар амал иҷро намудани бандҳои нақша – чорабиниҳо баргузории силсилачорабниҳо ва маҳфилҳои илмӣ – маърифатӣ бо садорати факултетҳо баргузор гашта истодааст.
 
Ин навбат дар факултети муштараки Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва Донишгоҳи муҳандисИи Белорусия ба муносибати 31-умин солагрди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмӣ – маърифатӣ таҳти унвони “31 соли роҳи устувори сулҳу субот – бо Конститутсияи Тоҷикистон” бо иштироки садорати факултет ва омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Ифтихор Қаландарбеков – декани факултет бо суханони табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба муносибати ҷашни адолат ва ҷашни сулҳу субот табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки ҳар давлати соҳибистиқлоле, ки имрӯзҳо арзи вуҷуд карда истодааст, дорои Конститутсияи худ мебошад. Ин санад вақте ба миён меояд, ки таҳаввулоти ҷиддие дар ин ё он давлат ба амал мепайвандад. Мешавад ҳолатҳое, ки дар даврони ҷанг зарурати қабули чунин санадро қобили қабул медонанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони ҷанги шаҳрванди ба вуқуъ омад ва дар муддати кӯтоҳтарин мақому манзалати худро касб намуда, самти фаъолияташ дар тамоми сохторҳои ҷомеа равона гардид.
Дар идома Саидов Б.Б., Мамурова Г ва Авганова З роҷеъ ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузахонӣ намуда, роҷеъ ба қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маълумотҳои муфид пешниҳод намуданд.
 
Таъкид гардид, ки Конститутсия дар айёме қабул шуд, ки алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ҳанӯз хомӯш нагашта, зиддият ва муқовимати нерӯҳои мухолифин фурӯ нанишаста буд ва сохторҳои сиёсиву низомии кишвар дар ҳоли таҷдиду ташаккул қарор дошт. Худ шоҳиди он ҳастем, ки танҳо пас аз се соли қабули Конститутсия ҷанги шаҳрвандӣ ба фарҷом расида, дар кишвар сулҳу ваҳдат пойдор гашт. Ин мисол бори дигар аз талошҳои хастанопазири Сарвари давлати ҷавони тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри барқарор намудани низоми конститутсионӣ дар кишвар ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои сокинони он дар ҳамон давраҳои вазнин ба шумор мерафт.

Ба рӯйхат