ДАРСИ КУШОДИ ТАРБИЯВӢ

 11.11.2025

 КОНСТИТУТСИЯ - ПОЯИ АДОЛАТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҷиҳати дар амал иҷро намудани бандҳои нақша – чорабиниҳо баргузории силсилачорабниҳо ва маҳфилҳои илмӣ – маърифатӣ бо садорати факултетҳо баргузор гашта истодааст.
Ин навбат дар факултети иқтисодиёти соҳаҳо ва идора ба муносибати 31-умин солагрди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарси кушоди тарбиявӣ дар мавзӯи “Конститутсия – пояи адолат ва ваҳдати миллӣ” бо иштироки декани факултет Ашурзода А.Н., сардори раёсати тарбия Асоев К.М., муовини декан оид ба таълим Саидзода М.Р, муовини декан оид ба тарбия Убайдзода Қ, сарпарасти гурӯҳи 260101-01А Раҳимов У ва донишҷӯён баргузор гардид.
Уктам Раҳимов бо суханони табрикотӣ, дарси кушодро ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Конститутсияи кишвар санади асосиест ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф карда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.
Дар идома донишҷӯён роҷеъ ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърузаҳо омода намуда, бо рӯнамоии хеш баромад намуданд.
Лозим ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, чун дигар давлатҳои соҳибтамаддун, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Конститутсияи худро қабул намуд, ки ин яке аз дастовардҳои азими халқи мо дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Маҳз бо риояи қатъии меёрҳои конститутсионӣ мо барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи ҷомеаи кишварамон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор мегузорем. Пас аз қабули ин санади олии ҳуқуқӣ кишвари мо дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ шуд ва халқи Тоҷикистон чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва тамаддунофар шинохта гардид.

Ба рӯйхат