КОНСТИТУТСИЯ — ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА ВОЛОҲУҶҶАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

 11.11.2025

КОНСТИТУТСИЯ — ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ВА ВОЛОҲУҶҶАТИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

 
Ба муносибати сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон дар ҳамоҳангӣ бо Иттифоқи касабаи кормандон ва омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар хобгоҳи №3-и муассиса шоми ширу шакар бо иштироки дастаи ҳаваскорони ансамбли “Муҳандиси ҷавон” баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар асоси нақша – чорабинии раёсати тарбия роҳандозӣ гардида, мутобиқи банди он дар арафаи ҷашну маросимҳо барномаи ширу шакар, гулчини суруду мусиқӣ, навозишҳои мардумӣ бо асбобоҳои миллӣ аз ҷониби ҳаваскорони ансамбли “Муҳандиси ҷавон” минбаъд дар хобгоҳҳои донишгоҳ баргузор мегардад.
Ҳадаф аз баргузории чунин маҳфилҳои фарҳангӣ – маърифатӣ ин бедор намудани завқи зебоипарастиву зебоиофарӣ, ҳисси ватандӯстиву ваҳдатофарӣ дар замири донишҷӯён буда, пешгирии ҷавонон аз даст назадан ба амалҳои номатлуб ва оворагардию бесаводӣ мебошад.
 
Маҳфили ширу шакар аз ҷониби мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа Абдулҳаев А.И ифтитоҳ гардида, ба иштирокдорон иттилоъ дода шуд, ки минбаъд дар ҷараёни баргузории маҳфилҳо викторинаҳои зеҳнӣ, шоу – барномаҳо, маҳфилҳои эъҷодӣ аз қабилӣ “байтбарак”, “шоҳномахонӣ”, “ҳозир ҷавоб”, “дурандешон” ва “ҷиллои ҳунар” баргузор карда мешавад.
 
Дар идома бо донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда викторинаи суолу ҷавоб дар атрофи Конститутсия ва бобоҳои он, тағйиру иловаҳо ва солҳои қабули он баргузор гардид, ки донишҷӯён бо як руҳияи баланд иштирок намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби ҳаваскорони ансамбли “Муҳандиси ҷавон” навозишҳои миллӣ, суруду таронаҳои дилангез сароида шуд, ки хотири ҳамагон болида гашт.
Дар интиҳои чорабинӣ ба фаъолони викторина туҳфаҳои омоданамудаи шуъбаи кор бо ҷавонон тақдим гардида, дар арафаи ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як иштирокчӣ китоби Конститутсия супорида шуд.

Ба рӯйхат