МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ

 25.11.2025

МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: ЗЕҲНИ СОЛИМ, ҶИСМИ СОЛИМ, ҶОМЕАИ СОЛИМ

Дар асоси нақша – чорабиниҳои раёсати тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонон ҷиҳати мунтазам баргузор намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ дар факултетҳои донишгоҳ вобаста ба ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати муассиса ин навбат дар факултети энергетикӣ бо иштироки кормандон ва омузгорони факултет машқи пагоҳирӯзӣ баргузор карда шуд.
Субҳи содиқ кормандон ва омӯзгорони факултети энергетикӣ машқи пагоҳирӯзиро бо дави хурд оғоз намуда, машқи дасту пой, миёну гардан ва бозувонро такмил доданд. Дар идома дар фазои дӯстӣ миёни ҳамдигар бозии волейбол ташкил намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ аз ҷумла машқи бадан ё ин ки обу тоб додани бадан ба кас нерӯи иловагӣ зам намуда, хотираро мустаҳам, фишорро муътадил, ҳаракатро дучанд, зеҳнро бурро, чусту чолок, ҳолати руҳиро қавӣ ва стрессро дур месозад.

Ба рӯйхат