ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”

 04.12.2025

ОЗМУНИ “КАДБОНУИ БЕҲТАРИН”

Бо ташаббуси бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар хобгоҳи №-3 миёни донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматкунанда бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С., мудири бахши кор бо занон ва донишҷӯдухатрон Норкулова Г.Р., раиси иттифоқи касабаи кормандон ва донишҷӯён Аминов Ш.А., директори китобхонаи рақамӣ Сатторова М, раисони шурои занони факултетҳо ва хобгоҳ баргузор гардид.
Озмун тибқи ҷадвали таҳия намудаи бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардида, ҳадаф аз он эҳё ва тарғиби суннатҳои миллӣ, аз ҷумла ҳунари дастархонороӣ ва пухтупази таомҳои миллӣ миёни донишҷӯдухтарон ва ҷавонон мебошад.
Мақсади баргузории он ҳавасмандгардонӣ ва ҷалби донишҷӯдухтарони ҳунарманд, духтарон ва бонувони соҳибзавқ ва кадбонувони моҳир ба эҳёи таомҳои милливу маҳаллии азбайнрафта ва ривоҷ додани пухту пази таомҳои миллӣ дар тарабхонаву ошхонаҳо, омода намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ ва завқи дастархонороӣ; баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ ва дар ин радиф ошноӣ ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллӣ аст.
Ҳадаф аз баргузор намудани озмуни “Кадбонуи беҳтарин” дар хобгоҳ тарғиб, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгони шарафманди тоҷик дар самти омода намудани хўрокҳои миллӣ, хўришҳои болаззат, таомҳои миллии маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ мебошад.

Ба рӯйхат