ҶАҲОНИШАВӢ ВА БАДАЛШАВИИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚӢ

 04.12.2025

СЕМИНАРИ ИЛМӢ - МАШВАРАТӢ ДАР МАВЗӮИ “ҶАҲОНИШАВӢ ВА БАДАЛШАВИИ МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚӢ: МУШКИЛОТҲО ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОН"

Бо ташаббуси раёсати тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар факултети энергетикӣ дар мавзӯи “Ҷаҳонишавӣ ва бадалшавии меъёрҳои ахлокӣ: мушкилотҳо ва роҳҳои пешгирии он” семинари илмӣ-машваратӣ бо донишҷӯёни курси 2-и гурӯҳҳои 430103-А1, А2, А3-и кафедраи электротаъминкунӣ доир карда шуд.
Дар кори семинар мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., мудири бахши кор бо занон Раҷабзода Г.Р., сармутахассиси раёсати тарбия Бадарғаев Ч ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Кори семинари илмиро мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа Абдулҳаев А.И. дар доираи дарси этика ва эстетика ифтитоҳ намуда, таъкид дошт, ки ҷаҳонишавӣ ва ё глобализатсия маҷмуи тадқиқоти илмӣ, ки ба ошкор кардани моҳияти мушкилоти глобалӣ ё мушкилоте, ки ба манфиатҳои инсоният ва ҳар як шахс дахл доранд ва ба ҷустуҷӯи роҳҳои бартараф кардани онҳо равона карда шудааст. Ба маънои васеътар, ин истилоҳ барои ишораи доираи илмии байнисоҳавии таҳқиқоти фалсафӣ, сиёсатшиносӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷанбаҳои гуногуни мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла натиҷаҳои бадастомада, инчунин фаъолияти амалӣ оид ба татбиқи онҳо ҳам дар сатҳи давлатҳои алоҳида ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ истифода мешавад.
Таъкид гашт, ки ҷаҳонишавӣ марҳилаи нав дар рушди таърих ба шумор меравад. Ин марҳилаи нав маънои онро дорад, ки ҷаҳон чун томият, алоқамандӣ, аз ҳамдигар вобаста будани тамоми одамони сайёра, инчунин пайдоиши мушкилоти нав, хатарҳо ва хавфҳои монанди СПИД, тағйирёбии иқлим, маҳсулоти генетикӣ, терроризм, экстремизм, радикализми динӣ ва ғайра дида мешавад.
Этикаи глобалӣ – ин системаи ақидаҳо, арзишҳо, қоида ва стандартҳои ахлоқӣ, меъёрҳо, ки ба ташкили тартиботи ҷаҳонӣ дар шароити хатару таҳдидҳои нав равона карда шудааст. Раванди фаъоли ҷаҳонишавӣ ба зиёд шудани хатару таҳдидҳо оварда расонид. Шумораи фикру ақидаҳои ба ҳам зид (диллема) зиёд шуда истодааст ва миқёси онҳо боз ҳам васеътар гардида истодааст. Ҷаҳонишавӣ - умумияти объективии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва маънавии тамаддунҳо ва фарҳангҳо, кишварҳо ва халқҳои гуногунро (ва дар муддати кӯтоҳ - ҳама) инъикос мекунад, ки табиатан дар марҳилаи кунунии таърихи ҷаҳон ташаккул ёфтааст.
Дар идома Абдулҳаев Абдулвоҳид бо донишҷӯён доир ба масъалаҳои этикаи глобалӣ, проблемаҳои он, ҷаҳони иттилоотӣ, мушкилоти ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ахлоқи ҷавонон ва муборизаҳои иттилоотӣ суҳбат намуд.
Дар фарҷом иштирокчиёни семинар доир ба масъалаҳои матраҳгардида фикру ақидаҳои худро баён карда, роҳҳои пешгирии оқибатҳои манфии ҷаҳонишавиро пешниҳод намуданд.

Ба рӯйхат