САДА – ҶАШНИ РӮШНОӢ, ҲАМДИЛӢ ВА ЭҲЁИ УМЕД

 31.01.2026

САДА – ҶАШНИ РӮШНОӢ, ҲАМДИЛӢ ВА ЭҲЁИ УМЕД

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи дастуру супоришҳои раёсати Донишгоҳ ва раёсати тарбия ба муносибати Ҷашни Сада як қатор силсилачорабиниҳо баргузор гашта истодааст.
Санаи 28 январи соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати тарбия дар ҳамоҳангӣ бо факултетҳои энергетикӣ ва механикӣ ва технологӣ ба муносибати гиромӣ доштани ҷашни Сада мизи мудаввар бо иштироки намояндагони раёсати тарбия, садорати факултетҳо, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва гурӯҳи донишҷӯён баргузор гардид.
Кори мизи мудавварро Рустам Исмонзода – декани факултети механикӣ ва технологӣ ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнҳои миллии ниёгони тоҷикон эҳё гардида, мавқеи шоистаи худро дар ҳаёти ҷомеа пайдо намуданд. Дар ҳамин замина, ҷашни бостонии Сада низ аз нав зинда шуда, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Ҳамзамон Манчеҳр Юсуфзода – декани факултети энергетикӣ суханронӣ намуда, ибрози андеша кард, ки ҷашни Сада яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб рафта, решаҳои он ба ҳазорсолаҳои дур мерасад. Ин ҷашни бостонӣ, ки рамзи пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сармо ва умед бар ноумедист, ҳамасола дар айёми миёнаи фасли зимистон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад.
Дар идома Ҷумабой Ҳикматов – ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маърузахонӣ намуда, қайд дошт, ки Сада ҷашнест, ки инсонро ба табиат наздик месозад, меҳру муҳаббат ба зиндагӣ, меҳнат ва ободониро дар дилҳо бедор менамояд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ва адабӣ, номи «Сада» аз рақами «сад» гирифта шуда, ишора ба гузаштани сад рӯз аз оғози зимистон ва наздик шудани фасли баҳор дорад. Дар ҳамин замина, Сада муждарасони гармӣ, киштукор ва эҳёи табиат мебошад. Дар фарҳанги ниёгони мо, Сада бо афрӯхтани оташ таҷлил мешуд. Оташ ҳамчун рамзи нур, покӣ ва зиндагӣ мақоми хос дошт ва мардум гирди он ҷамъ омада, бо ниятҳои нек, орзуҳои созанда ва умеди фардои дурахшон ин ҷашнро истиқбол мегирифтанд. Ин анъанаҳо на танҳо ҷашни одӣ, балки як мактаби ахлоқ, худшиносӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ буданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷашнҳои миллии ниёгон, аз ҷумла Сада, Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон аз нав эҳё гардида, мақоми шоистаи худро дар ҳаёти ҷомеа пайдо намуданд. Сада имрӯз ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ таҷлил гардида, ба таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихор аз таъриху тамаддуни куҳани тоҷикон мусоидат мекунад.
Ҷашни Сада мардумро ба меҳнатдӯстӣ, сарфакорӣ, эҳтиром ба табиат ва истифодаи оқилонаи неъматҳои он ҳидоят менамояд. Ин ҷашн ҳамчунин рамзи пайванди наслҳо буда, арзишҳои волои инсонӣ, дӯстӣ, ваҳдат ва ҳамдилиро тарғиб менамояд.

Ба рӯйхат