НИШАСТИ МАТБУОТӢ: АЗ НАТИҶАИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2025
Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ вобаста ба иҷрои «Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2025 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, №АП-1677» дар таърихи 26.01.2026 нишасти матбуотии донишгоҳро баргузор намуд.
Дар нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, муовинони ректор, сардорони сохтору деканҳои факултетҳо ва доираи васеи хабарнигорон аз васоити ахбори омма, аз қабили радиову телевизионҳои кишвар – ТВ «Тоҷикистон», ТВ «Илм ва табиат», ТВ «Синамо», радиои «Садои Душанбе», радиои «Тоҷикистон», рўзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омўзгор», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Овози тоҷик», Pressa.tj ва дигарон иштирок намуданд.
Нишасти матбуотиро ректори Донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ифтитоҳ намуда, доир ба натиҷаю дастовардҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар соли 2025 изҳори назар намуданд. Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ин баланд бардоштани сатҳи касбият, истифодаи барномаҳои муосири таълимӣ, шаклу усулҳои ташкили раванди таълим ба рушди сармояи касбӣ, омодагии мутахассисони оянда бо забонҳои хориҷӣ дар соҳаи техника ва технология, иқтисоди рақамӣ, энергетика ва сохтмону нақлиёт ва роҳҳо мебошад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани стратегияҳо, барномаҳои давлатӣ, раёсат ва ҳайати профессорону устодони Донишгоҳ дар соли 2025 як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расониданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соли 2025 устодону кормандон, донишҷӯёну магистрантон ва унвонҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар озмуну мусобиқаҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла дар Озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" дар даври ҷумҳуриявӣ 10 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, дар Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи дононӣ китоб аст" як нафар сазовори ҷойи сеюм ва дар Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - ватани азизи ман" дар даври ҷумҳуриявӣ 2 нафар сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд.
Қайд гардид, ки дар даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаҳои 16 - 17 майи соли 2025 дар Донишкадаи байналмилалии Леваканти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, ду нафар донишҷӯи донишгоҳ Лоиқов А.О донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси 1-690101А - меъмории факултети сохтмон ва меъморӣ аз фани Математика ғолиби ҷойи аввал ва Иноятов Ш.Ш. – донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси 1-4301Б – энергетикаи факултети муштараки муҳандисӣ-техникӣ – ДТТ-ДМТБ аз фани физика ғолиби ҷойи сеюм гардиданд.
Инчунин дар Озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» ва “Олими сол”, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, шаш нафар кормандон, донишҷӯёну докторантони PhD бо гирифтани ҷойҳои якум мушарраф гардиданд.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ тибқи радабандии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо такя ба шохиси илмии иқтибосоварии Россия - РИНЦ тартиб дода шудааст, бахши "Интеллект, Инноватсия, Инвеститсия" -и маҷаллаи илмии «Паёми политехникӣ» аз рӯи нишондоди иқтибосоварӣ (Импакт-фактор) миёни маҷаллаҳои илмии равияи илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникии ватанӣ мақоми аввалро соҳиб гашта, мувофиқи ҳамин радабандӣ бахши “Таҳқиқотҳои муҳандисӣ” мақоми дуюмро ишғол намуд.
Зимни нишасти матбуотӣ зикр гардид, ки моҳи майи соли 2025 аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи “Моҳвораи ҷавонон” ба муносибати сазовор истиқбол намудани Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол – 2025” миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки донишҷӯи курси 4-и ихтисоси 70040103-а-и факултети сохтмон ва меъмории донишгоҳ Давлатқадамова Моҳҷабин Нургуловна, дар озмуни мазкур сазовори ҷойи аввал шуд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон аз ҷумла Сайфиддин Суннатӣ аз рӯзномаи “Ҷумҳурият” Шариф Атобуллоев аз рӯзномаи «Садои мардум», Боқиева З аз рӯзномаи «Овози тоҷик», Мафтунаи Х аз радиои «Тоҷикистон», Раҳимзода У аз рӯзномаи « Pressa.tj », доир ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, раванди таҷрибаомӯзӣ, робитаи кафедраҳои донишгоҳ бо истеҳсолот ва корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, ихтироъкорӣ ва навоварии донишҷӯён, табодули академии донишҷӯёну магистрантон, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгороне, ки рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифо менамоянд, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мубрам саволҳо пешниҳод намуда, аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон посухҳои мушаххас гирифтанд.