ҲИФЗИ ТАБИАТ АМОНАТИ НАСЛҲОСТ!

 05.04.2026

ҲИФЗИ ТАБИАТ АМОНАТИ НАСЛҲОСТ!

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оиди тозаву озода нигоҳ доштани шаҳри Душанбе, ташаккули ҳаёти солим, инчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ, бо иштироки васеъи кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шанбегии дастаҷамъона дар атрофи Боғи Фурудгоҳи пойтахт баргузор гардид.
 
Дар рафти шанбегӣ аз ҷониби аҳли колективи меҳнатии донишгоҳ гирду атроф, дохили боғ, бехи дарахтон, қубурҳои обгузар, роҳраву гулгаштҳо, ва ниҳолу гулбуттаҳо аз баргҳои хазон ва партовҳо тоза карда шуд.
 
Баргузории чунин маъракаҳои ҷамъиятӣ ва аксияҳои экологӣ на танҳо ба зебову озода гардидани муҳити таълимӣ мусоидат менамоянд, балки дар тарбияи зебоипарастӣ, ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстии кормандону донишҷӯён нақши муҳим мебозад.
 
651887657_1561595155969278_2133464862927375959_n649206923_1561595605969233_5410900076682115023_n650335509_1561595459302581_1376349135638873050_n651212700_1561595212635939_2312229757743885773_n651802982_1561595069302620_4695166116444629466_n

Ба рӯйхат