ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ!

 05.04.2026

ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ!

Субҳи имрӯз, санаи 4 апрел бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар факултетҳои иқтисодиёти соҳаҳо ва идора ва механикӣ ва технологӣ машқи пагоҳирӯзӣ бо иштироки намояндагони раёсати корҳои тарбиявӣ ва кормандону омӯзгорони факултетҳо баргузор гардид.
 
Варзиш яке аз омилҳои асосии нигоҳ доштани саломатӣ ва тавоноии инсон мебошад. Ҳар касе, ки ба варзиш машғул мешавад, тани солим, рӯҳияи болида ва иродаи мустаҳкам пайдо мекунад. Махсусан, машқҳои пагоҳирӯзӣ барои оғози рӯзи фаъол ва пурэнержӣ бисёр муфиданд.
 
Мавриди зикр аст, ки пагоҳирӯзӣ вақте аст, ки ҳаво тоза ва муҳит ором мебошад. Дар чунин вақт иҷрои машқҳои сабук, давидан ё гимнастикаи бадан ба инсон нерӯи тоза мебахшад. Варзиш на танҳо баданро қавӣ мекунад, балки фаъолияти майна ва қобилияти фикррониро низ беҳтар месозад.
 
662075008_1580928670702593_5376385380216567135_n662493157_1580928450702615_2576583242338534554_n660541965_1580927690702691_55263280235519493_n660148998_1580929354035858_5520324175748870503_n662219153_1580929574035836_5826728110324799385_n

Ба рӯйхат