Қайд гардид, ки баланд бардоштани маърифати донишҷӯдухтарон дар самти омодагӣ ба ҳаёти оилавӣ як масъалаи муҳими иҷтимоӣ ва тарбиявӣ ба шумор меравад. Ин раванд бояд ҳам донишҳои назариявӣ ва ҳам малакаҳои амалиро дар бар гирад, то ки духтарон барои зиндагии мустақил ва масъулиятнок омода гарданд.
Ҳамзамон, вобаста ба самтҳои асосии маърифатнокӣ ва мактаби модарони оянда як чанд нуктаҳои зарурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла:
1. Маърифати ахлоқӣ ва фарҳангӣ
2. Маърифати ҳуқуқӣ
3. Маърифати равонӣ (психологӣ)
4. Маърифати иқтисодӣ
5. Маърифати тиббӣ ва саломатӣ
Дар интиҳои чорабинӣ донишҷӯдухтарон донишу малакаҳои заруриро оид ба масъалаҳои модарӣ то сатҳи зарурӣ аз худ намуданд ва таҷрибаи рӯзмарае дар зиндагӣ ба худ гирифтанд.
Дарси кушод дар фазои озоду созанда баргузор гардида, иштирокчиён аз он натиҷаҳои муфид ба даст оварданд ва ба татбиқи амалии донишҳои омӯхта аҳамият доданд.