ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

 10.04.2026

ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

Санаи 9 апрели соли равон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе, ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз дар маҳаллаҳои пойтахт, чорабинии тантанавии ҳизбиёни ноҳияро дар маҳаллаи Гастелло баргузор намуд.
Дар ин чорабинии идона Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Муҳандис”-и Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иштироки фаъолона намуда, хон ва гӯшаи наврӯзиро бо завқу ҳунари баланд оростанд.
 
Ҳамзамон, аз ҷониби Кумитаи иҷроия озмуни “Беҳтарин гӯшаи наврӯзӣ” доир гардид, ки дар натиҷа гӯшаи наврӯзии Кумитаи иҷроияи ибтидоии "Муҳандис" бо сипоснома ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуд.
 
Чорабинӣ дар фазои идона ва рӯҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардида, саҳми ҷавононро дар эҳё ва гиромидошти анъанаҳои миллӣ боз ҳам равшан намуд.
668013113_1585895780205882_766556498172855070_n666504453_1585895880205872_6156531150401169683_n668461907_1585895736872553_9165270509407828038_n668782990_1585895843539209_8361823428074691685_n

Ба рӯйхат