НАҚШИ ХИМИЯ, ТЕХНОЛОГИЯИ ХИМИЯВӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ ДАР РУШДИ САНОАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо ибтикори факултети технологияи химиявӣ ва металлургия бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи татбиқи ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020–2040)», таҷлили «Рӯзи химикон» ва мусоидат ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конференсияи якуми байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши химия, технологияи химиявӣ ва металлургия дар рушди саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдуллозода Р.Т., декани факултети технологияи химиявӣ ва металлургия Ҳакимов А, академики АМИТ, д.и.х., профессори кафедраи “ТИХ” - и факултети “ТХваМ”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, Ғаниев И.Н., узви вобастаи АМИТ д.и.х., профессори кафедраи “ХУваҒ”- и факултети “ТХваМ”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, Бадалов А.Б. “Самти фаъолияти илмии кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ”, академики АМБ, д.и.х., профессори кафедраи “Металлургия”-и факултети “ТХваМ”-и ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ, Джураев Т.Д., директори техникии ҶСК “Азот” Гадоев Тоҷиддин инчунин омӯзгорон, муҳаққиқон, унвонҷӯён, магистрантон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолии дохилу хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Конференсияро Рамазон Абдуллозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар шароити муосир рушди илмҳои табиатшиносӣ, махсусан химия, технологияҳои химиявӣ ва металлургия, яке аз омилҳои муҳими таъминкунандаи пешрафти иқтисодӣ ва саноатии кишвар ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти саноатикунонии босуръат аз рушди таҳқиқоти илмӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ҷорӣ намудани дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолот вобастагии мустақим дорад.
Зимни суханронӣ қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги ашёи хоми маъданӣ ва имкониятҳои фаровони саноатӣ буда, истифодаи самараноки онҳо бе рушди илмҳои химия ва металлургия ғайриимкон мебошад. Аз ин рӯ, ҳамгироии илм, маориф ва истеҳсолот ҳамчун омили калидии рушди иқтисодиёти миллӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ аҳаммияти стратегӣ дорад.
Дар ҷараёни конференсия иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами рушди саноати химиявӣ ва металлургии кишвар, коркарди амиқи ашёи хоми маҳаллӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, ҳифзи муҳити зист ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос мубодилаи афкор намуданд. Ҳамчунин, натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаҳои пешқадами соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва истеҳсолӣ пешниҳод гардиданд.
Маърузаҳои олимони шинохта, аз ҷумла академик Ғаниев И, профессор Бадалов А ва профессор Ҷӯраев Т, масъалаҳои муҳими рушди илмҳои химия ва металлургия, дастовардҳои нави илмӣ ва дурнамои истифодаи онҳо дар бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ фаро гирифта, аҳаммияти таҳқиқоти фундаменталӣ ва амалӣ дар раванди рушди устувори саноати кишварро мавриди таҳлил қарор доданд.
Дар фарҷоми конфронс таъкид гардид, ки баргузории чунин конференсияҳои байналмилалӣ барои густариши ҳамкориҳои илмӣ, табодули таҷриба, ҷалби технологияҳои пешрафта ва таҳкими робитаи муассисаҳои таҳсилоти олӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ мусоидат намуда, дар татбиқи ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар нақши муассир мегузорад. Ҳамзамон, конференсия ҳамчун майдони муҳими илмӣ барои муаррифии дастовардҳои муҳаққиқон ва ташаккули тафаккури инноватсионии ҷавонон арзёбӣ гардид.