МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ДАР МУАССИСАИ ПЕШБАР

 08.07.2026

Дар ҷаласаи васеи кафедраҳои «Археология, этнография ва диншиносӣ» ва «Дизайн, нақшакашӣ ва методикаи таълим»-и МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» 26 июни соли 2026 муҳокимаи рисолаи доктории докторанти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.C. Осимӣ Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат баргузор гардид.

Рисолаи илмӣ дар мавзуи «Асосҳои консептуалии ташаккул ва рушди синтези санъат дар меъморӣ (дар мисоли Тоҷикистон)» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори меъморӣ аз рӯйи ихтисоси 2.1.41 – Назария ва таърихи меъморӣ, тармим ва бозсозии мероси таърихию меъморӣ мавриди баррасии амиқ қарор гирифт.

Дар ҷаласа олимону донишмандони соҳа ва дигар устодону муҳаққиқон иштирок намуда, доир ба муҳтавои рисола, аҳамияти илмӣ ва амалии он андешаҳои худро иброз доштанд.

Дар ҷараёни муҳокима аъзои ҷаласа ба унвонҷӯ як қатор саволҳои илмӣ пешниҳод намуда, ба навгонии илмӣ, асоснокии натиҷаҳои таҳқиқот ва аҳамияти амалии рисола баҳои мусбат доданд. Унвонҷӯ ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда пешниҳод кард.

Дар анҷоми ҷаласа Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ба ҳайати олимон барои муҳокимаи созанда, пешниҳодоти судманд ва ба роҳбарияти МДТ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров», ҳамчун муассисаи пешбар барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати баргузории муҳокимаи рисола изҳори сипос намуд.

WhatsApp Image 2026-07-08 at 10.50.08 WhatsApp Image 2026-07-08 at 10.50.07 (3)

WhatsApp Image 2026-07-08 at 10.50.11_2


Ба рӯйхат