Интихоби раисони нави Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони факултетҳо

 27.09.2022

Санаи 26.09.2022 сол Раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ Икромова Малоҳат Холовна, мутахассиси пешбари Шӯъбаи ташкилию тарбиявӣ Раҳимова Сурайё Садуллоевна бо омӯзгорзанон, кормандзанон ва донишҷӯдухтарони факултетҳои Иқтисоди соҳаҳо ва Идора ва Нақлиёт ва инфрасохтори роҳ ҷаласа баргузор намуданд. Дар ҷаласаи мазкур як қатор масъалаҳои муҳим баррасӣ карда шуд. Аз ҷумла шиносоӣ бо Раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ Икромова Малоҳат Холовна, ки ба ин вазифаи пурмасъул нав таъин шудаанд, инчунин интихоби раиси нави Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони факултетҳои Нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо Зуҳурова Мавлуда Ашуровна ва Азимова Шамсия Абдураҳмоновна, раиси Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони факултети Иқтисоди соҳаҳо ва Идора.

CouncilWG_01

Дар ҷаласа шиносоӣ бо донишҷӯдухтарони донишгоҳ ва инчунин бо духтароне, ки тибқи Квотаи Президентӣ дохил шудаанд, пушидани либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занон тибқи Дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя намудани Низомнома ва Оинномаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гардид.

CouncilWG_03CouncilWG_02


Ба рӯйхат