Семинари илмӣ – амалӣ

 03.10.2022

Дар Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 102 – солагии шахсияти бузурги илму фарҳанг академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ семинари илмӣ – амалии “Ахтари илми тоҷик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ” баргузор гардид.

102_Osimi_02

Дар ин семинар роҳбарияти донишгоҳ, устодону донишҷӯён ва меҳмонон ширкат варзиданд. Ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар бо сухани ифтитоҳӣ дар назди ҳозирин баромад намуда, иштирокчиён ва меҳмонони ин семинарро шодбош гуфтанд. Роҳбари донишгоҳ дар суханронии худ аз шахсияти академик Муҳаммад Сайфиддинович Осимӣ ва саҳми арзандаи ин олими барҷаста дар рушди илму фарҳанг ва хосса соҳаи маорифи кишвари мо ёдовар шуданд. Зикр гардид, ки дар давоми ҳаёти худ академик М.С. Осимӣ дар самтҳои пурмасъули соҳаи маориф ва илм фаъолият намуда, намунаи шоистаи ибрату матонат, инсондӯстӣ ва меҳанпарастӣ гардид. Аз он ҷумла, академик М.С. Осимӣ дар солҳои аввали таъсисёбии донишгох (он замон Институти политехникии Сталинобод) дар ташаккулёбӣ ва рушди минбаъдаи ин даргоҳи илму маориф заҳматҳои зиёде кашида, ҳамчун роҳбари ин муассиса кору фаъолят кардаанд.

102_Osimi_01102_Osimi_12

Ба чорабинии мазкур ҳамчунин фарзанди устод Муҳаммад Осимӣ - Сарвар Осимӣ низ ташриф оварданд. Дар суханронии худ Сарвар Осимӣ ёддоштҳои худро дар бораи падар ба аҳли нишаст иброз карда, ба роҳбарият ва масъулини донишгоҳ барои баргузории ин семинар ва гиромидошти падари маорифпарварашон изҳори сипос намуданд.

Семинари илмӣ – амалӣ бо баромадҳо ва маърузаҳои омоданамудаи олимон, устодону донишҷӯёни донишгоҳ идома гардид.

102_Osimi_06102_Osimi_14102_Osimi_09102_Osimi_07


Ба рӯйхат