Семинар: “Забони миллат – ҳастии миллат”

 06.10.2022

“Барои ман забони тоҷикӣ на танҳо воситаи гуфтугӯю муошират ба шумор меравад, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, рӯҳи поки гузаштагонам ва оинаи осори ниёгонам мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

 

Seminar_Zabon01

Рӯзи 5-уми октябри 2022 сол, бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар таҳти унвони “Забони миллат – ҳастии миллат” дар хобгохи №3-и Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо иштироки кормандони Шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ: раиси Шӯрои кор бо занон Икромова М.Х., мутахассиси шуъба Амонатова Ф.Қ., мутахассиси пешбар Раҳимова С.С. ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ, баргузор гардид.

Дар ин семинар мудири шуъбаи фолклори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илми филология Маҷнунов Абдуамин ба ҳайси меҳмон ширкат варзида, аз таърихи забон, моҳият ва аҳамияти бузургдошти забони тоҷикӣ суханронӣ намуд.

Seminar_Zabon04Seminar_Zabon02

Амонатова Ф.Қ. – мутхассиси шуъба дар бораи саҳми Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои забони тоҷикӣ рӯшанӣ андохта, зикр намуд, ки аз рӯзҳои аввали фаъолият ҳамчун Сарвари мамлакат, Пешвои миллат эътибор ва арҷгузорӣ ба забони давлатиро дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доданд ва вобаста ба беҳ гардидани вазъи забони давлатӣ дар ҷомеа ва бартараф кардани мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт як қатор ибтикороти судмандро амалӣ намуданд. Қабл аз ҳама, соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҷдиди назар гардид, ки онро метавон қонуни комилан нав арзёбӣ намуд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони тоҷикиро муқаррар сохта, рушди онро дар қаламрави Тоҷикистон таъмин кард. Дар асоси он минбаъд ҳамасола таърихи 5-уми октябр ҳамчун “Рӯзи забони давлатӣ” дар саросари кишвари азизамон бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.

Семинар бо баромадҳо ва суханрониҳои донишҷӯдухтарон дар васфи забони тоҷикӣ ба фарҷом расид.

Persona_2022
Seminar_Zabon03  


Ба рӯйхат