Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар хобгоҳи №3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ миёни духтарон озмун таҳти унвони “Ҷавондухтари ҳунарманд” бо иштироки устодон ва кормандон баргузор гардид. Дар озмун духтарони хобгоҳ ҳунари таомпазӣ, тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ ва хӯришҳои гуногун, реза кардани сабзӣ,буридани зувола, пухтани кулчақанду дигар намуди шириниҳоро бо маҳорати баланд нишон доданд. Мақсади ташкили озмун нигоҳ доштани фарҳанги халқи тоҷик, баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, дар дили ҷавонон бедор намудани ҳифзи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва тамаддуни мардуми тоҷик мебошад. Ғолибони озмун бо Сипоснома ва мукофотҳо қадрдонӣ гардонида шуданд.