ТАҚДИМИ ДИПЛОМ БА ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲ БАРОИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН

 10.02.2024

ТАҚДИМИ ДИПЛОМ БА ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОНИ ДОНИШГОҲ БАРОИ ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҶАВОНОН
 
6 –уми феврали соли 2024 дар "Кохи Суруш"-и шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии бошукуҳ ва маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода ва дигар роҳбарону намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳои олии кишвар иштирок намуданд.
Боииси хушҳолист, ки Комрон Асоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ барои ҳамкорӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар соли 2023 аз тарафи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Диплом қадрдонӣ шуд.
424693182_924568359671964_882094080080376563_n 421973692_924568353005298_5244400333526382994_n

Ба рӯйхат