БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА МАВЗУИ МАНБАЪҲОИ БАРҚАРОРШАВАНДАИ ЭНЕРГИЯ

 12.03.2024

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи намоиши сайёр таҳти унвони "Энергетика дар давраи гузариш –таъмини нерӯ барои фардо" конфронси навбатӣ бахшида ба мавзуи манбаъҳои барқароршавандаи энергия баргузор гардид.

Дар конфронс имкониятҳо, ҳадафҳо ва мушкилоти густариши энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон; имкониятҳои ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ дар ин самт; иқтидори манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Осиёи Марказӣ ва имкониятҳо барои Тоҷикистон; таҷрибаи амалии сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар ВМКБ ва имконияту таҷрибаи беҳтарини системаҳои ғайримутамаркази энергияи барқароршаванда дар Тоҷикистон аз ҷониби маърузачиён ва коршиносони байналмилалӣ мавриди таҳлили амиқ қарор гирифта, дар охири конфронс устодону донишҷӯён ба саволҳои худ аз нигоҳи мутахассисон ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар намоиш намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Душанбе, намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, Бонки Ҷаҳонӣ, ташкилоти минтақавии KfW, маркази таълимоти касбии олмонӣ Симсон Прайвет Академӣ, ҶДММ “Барги Сабз” ва ректорони як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар қайд намуд, ки донишгоҳ бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва густариши истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон барномаҳои таълимии ихтисосҳои самти мазкурро бо омӯзиши таҷрибаи пешқадам такмил дода, мутахассисони баландихтисоси самтро барои баланд бардоштани самаранокии энергетикии соҳаҳои хоҷагии халқ омода намуда, ҷиҳати дар соли 2032 ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол намудани неруи барқ ва дар соли 2037 ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон ҳамаҷониба саҳми арзанда хоҳад гузошт.

Пеш аз оғози намоиш, меҳмонон аз намоиши сайёри "Энергетика дар давраи гузариш –таъмини нерӯ барои фардо", ки бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ шурӯъ аз 28 феврал оғоз гардида ва баргузории он то 20 март давом мекунад, дидан намуда, ба раванди гузариши энергетикии глобалӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва таҷрибаи пешқадами кишварҳои Аврупо дар ин самт шинос гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки мақсади асосии намоиши мазкур ин таъмини истифодаи самараноки сармояи табиӣ, ҷалби сармоягузорӣ, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти «иқтисоди сабз», инчунин вусъат бахшидани иқтидорҳои алтернативии истеҳсоли «энергияи сабз» аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҷалби таваҷҷӯҳ ба масъалаи гузариши энергетикии глобалӣ тавассути технологияҳои иттилоотӣ ба ҳисоб меравад.

IMG_4173IMG_4125IMG_4132


Ба рӯйхат