ИДОМАИ НАМОИШ: САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШ

 13.03.2024

ИДОМАИ НАМОИШ: САРФАҶӮӢ ВА САМАРАНОКИИ ЭНЕРГИЯ ДАР ДАВРАИ ГУЗАРИШ

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар доираи намоиши сайёр таҳти унвони "Энергетика дар давраи гузариш –таъмини нерӯ барои фардо" конфронс оид ба сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия баргузор гардид.

Инак, тӯли 15 рӯз аст, ки дар ҷараёни намоиш муаррифии барномаҳои коммуникатсионӣ-иттилоотӣ оид ба пешбурди самаранокии энергия дар миқёси ҷаҳон ба ҳамоиш гузошта шуда, дар кори ҷамъомад намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, намояндагони ВАО, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, шарикони рушд ва коршиносони дохиливу хориҷӣ ва устодону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти касбӣ иштирок ва аз он дидан намуда истодаанд, ки он аллакай ба худ хусусияти як ҷашни илмӣ – таҷрибавиро касб намудааст.

Дар конфронси имрӯза намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Душанбе, Бонки Ҷаҳонӣ, Ташкилоти минтақавии GERES, Сафорати Фаронса, Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории конфронс доир ба масъалаҳои татбиқи принсипҳои “иқтисоди сабз”, роҳандозии технологияи муосири инноватсионӣ, ба инобатгирии таъсири тағйирёбии иқлим дар раванди тарҳрезии лоиҳаҳо ва бунёди иншооти сохтмонӣ, кам кардани партовҳои газҳои гулхонаӣ, баланд бардоштани энергиясамаранокӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи энергия ва захираҳо дар соҳаи сохтмону саноат, ҳифзи муҳити зист, принсипҳои асосии бамеъёрдарории гармимуҳофизии биноҳо, ҷорӣ намудани стандартҳои муосири гарминигоҳдорӣ, рушди истифодабарии энергияи барқароршаванда дар биноҳо, иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ, омода намудани мутахассисон ва ғайра мавриди муҳокимаи маърузачиён қарор гирифт.

Бори дигар ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур аввалин маротиба дар Осиёи Миёна баргузор мегардад ва боиси ифтихор аст, ки он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти зарфиятҳои илмиву таҷрибавӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо иштироки ходимони давлатӣ ва меҳмонони олиқадр баргузор шуда истодааст.

Ҳамоиш аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Душанбе дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2024 оғоз гардида, то 20 март оид ба татбиқи устувори ташаббусҳо вобаста ба манбаҳои энергияи барқароршаванда, сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия дар соҳаи сохтмон ва саноат, инчунин, гузариши энергетикии глобалӣ гузаронида мешавад.

430119767_948865423908924_7288195572711604000_n 431973229_948865287242271_8066890907714829375_n_1 430098028_948865697242230_4589142651334094288_n_2 431954268_948866520575481_7808472358467043908_n_2 

430080408_948865257242274_8719441768791413199_n 431786628_948865390575594_1972153244586905956_n 431894287_948866943908772_5637360255402999821_n 432333489_948866327242167_53930526577294226_n 432297198_948866773908789_8570824332300387896_n 432406883_948867033908763_2405593923310659061_n 430085816_948867100575423_168885109610085171_n


Ба рӯйхат