ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД......

 08.05.2024

ҲЕҶ КАС ВА ҲЕҶ ЧИЗ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАД......
 
Дар таърих санаҳое мавҷуд аст, ки бо мурури замон мавқеи худро аз даст надода, балки бо ҳуруфи заррин дар саҳафоти таърих дарҷ мегарданд. Яке аз ин гуна санаҳо ин 9 май - Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерист. Ҳамасола дар саросари давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ санаи 9-уми майро ҳамчун Иди Зафар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоянд.
Имрӯз бахшида ба Рӯзи ғалаба бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҷиҳати гиромидошти хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ дар факултети муштараки муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур декани факултет Қаландарбеков Ифтихор, сардори шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ Муродов Амиршоҳ, мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шарофов Эраҷ ва намоянда аз кафедраи ҳарбӣ Н. Баҳромзода ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар баромади худ мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Шаропов Эраҷ атрофи қаҳрамониҳою шуҷоатмандии халқи Шӯравӣ, аз ҷумла далерию ҷоннисориҳои фарзандони барӯманди тоҷик ва талафотҳо дар замони ҷанг маърӯзаю суханрониҳои басо пурмуҳтаво намуданд.
 
   
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат