КОНФЕРЕНСИЯИ_ҶУМҲУРИЯВӢ

 13.09.2024

СОҲИБИХТИЁРӢ ВА ТАЪМИНИ ИСТИҚЛОЛИ ЭНЕРГЕТИКӢ: ДАСТОВАРДҲО ВА ДУРНАМОИ РУШД
Имрӯз, 13 сентябр тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Соҳибихтиёрӣ ва таъмини истиқлоли энергетикӣ: дастовардҳо ва дурнамои рушд” баргузор гардид.
 
Дар кори ҷаласаи пленарии конференсияи мазкур муовини ректор оид ба таълим Тоҳир Маҷидзода, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рамазон Абдуллозода, Ходими хизматнишондодаи илм ва техника Рафиқа Мусоева, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Ниёзӣ, сардори Хадамоти назорати давлатии энергетикӣ Ғолиб Убайдуллозода иштирок ва суханронӣ намуда, доир ба арзишҳои Истиқлоли давлатӣ, рушд ва таъмини истиқлоли энергетикӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ суханронӣ намуданд.
 
Ёдовар мешавем, ки баъд аз анҷоми ҷаласаи пленарӣ кори он аз рӯйи бахшҳо идома ёфт.
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат