Истиқлол ва ҳифзи фарҳангу забони тоҷикӣ

 13.09.2024

Истиқлол ва ҳифзи фарҳангу забони тоҷикӣ
 
6 - уми сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бахшида ба 33 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид.
 
Дар он Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб,
Ҷалолиддин Шарифов, директори "Маркази илмӣ - тадқиқотии Пешвои миллат" дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Давлатзода Қудрат Қамбар иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Баромадкунандагон иброз намуданд, ки Истиқлоли давлатӣ барои мо имкон дод, то баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгони худ аҳамияти махсус диҳем .Чунки забони миллати мо ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳими мавудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳуввият дар тӯли асрҳо ба шумор меравад.
 
Ҳамчунин, Истиқлоли давлатӣ барои рушди забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ки ҳифзу гиромидошт ва тозагии он вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар мебошад.
 
Бояд қайд намуд, ки дар даврони Истиқлоли давлатӣ баҳри баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, назари амиқ намудан ба таърихи миллати тоҷик ва расму ойинҳои миллӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва амсоли инҳо корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат