ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ИФТИХОР ВА НОМУСИ ВАТАНДОРӢ

 13.09.2024

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ - ИФТИХОР ВА НОМУСИ ВАТАНДОРӢ
 
5-уми сентябри соли ҷорӣ бахшида ба 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ чорабинӣ баргузорор гардид.
 
Дар чорабинӣ узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмон, муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия Бунафша Аҳмадзода ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд.
 
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки Истиқлоли давлатӣ аз ҷумлаи муқаддасоти ормонии миллати тоҷик мебошад. Ҳар як фарди худогоҳу худшинос ва бонанги кишварро зарур аст, ки онро чун арзиши бебаҳо ҳифз намояд. Маҳз истиқлолу озодӣ ва ваҳдати комил аст, ки Тоҷикистони гулафшону тамоми соҳаҳо рушд доранд.
Тадкид гардид, ки дуруст тарбия намудани насли наврас шарти асосии пешравии ҷомеаи солим ба ҳисоб меравад. Ин кори муҳим вазифаи ҳама, яъне оила, мактаб, давлат ва тамоми ҷомеа аст.
 
Ба хотири эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ ҷомеаи кишварро зарур аст, ки тафаккури солими миллиро дар зеҳни наврасон ва ҷавонони ватандӯст инкишоф диҳанд. Ҷавонону наврасони мо бояд аз аслу насли хеш, пояҳои тамаддуни аҷдодӣ, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории ниёгони худ огоҳ бошанд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат