БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ДАР БОҒИ "КУРУШИ КАБИР" БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

 13.09.2024

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ-ФАРОҒАТӢ ДАР БОҒИ "КУРУШИ КАБИР" БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
 
Шоми имрӯз ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи “Муҳандиси ҷавон”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар Боғи «Куруши Кабир» чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил ва баргузор намуд.
 
Дар чорабинии мазкур ҳайати кормандон, донишҷӯён ва аҳолии пойтахт иштирок намуда рӯҳияи тоза бардоштанд.
 
Бояд тазаккур дод, ки дастаи “Муҳандиси ҷавон”-и донишгоҳ мунтазам дар боғҳои пойтахт чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатиро ташкил намуда, онҳоро дар сатҳи баланд ва бо ҷалби ҳунармандони баландихтисос баргузор менамояд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Ба рӯйхат