ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
03.10.2024
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ
24-уми сентябри соли равон дар толори калони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ вохӯрии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники адлия Розиқзода Алихони Абдулҳаким бо ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрии мазкур намояндаи Агентӣ қайд намуд, ки масъалаи муқовимат бо коррупсия барои кишварҳои рӯ ба инкишоф аз муаммоҳои асосӣ ва фалаҷкунандаи дастгоҳи ҳокимияти иҷроия ба ҳисоб рафта, дар бисёр мавриди низоми давлатиро коста ва назорат аз болои онро душвор мегардонад. Падидаи мазкурро бо ба роҳ мондани фаъолияти самаранок ва андешидани чораҳои таъхирнопазир метавон пешгирӣ намуд. Дар Тоҷикистон низ бо мақсади муқовимат бо коррупсия аз ҷониби мақомоти давлатӣ як қатор чораҳои зарурӣ андешида шудааст.
Муҳимтарин қадам дар роҳи муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон таъсиси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар соли 2007 мебошад. Минбаъд низ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади муқовимат бо коррупсия як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки дар роҳи пешгирии коррупсия ва паҳншавии омилҳои коррупсионӣ натиҷаи назаррасро таъмин намуданд.
Қайд карда шуд, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои роҳбарияти кишвар ва меъёрҳои санадҳои меъёриву ҳуқуқии самти муқовимат бо коррупсия зарур аст, ки дар ин самт корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷоннок карда шавад.