ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ

 07.11.2024

#ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШГОҲ
 
4-уми ноябр бахшида ба 30 - солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд, ки дар муовинони ректор, деканҳои факултет, устодону омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.
 
Ҳамоишро бо сухани табрикотӣ муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим Маҷидзода Тоҳир Саид ифтитоҳ бахшид.
Тавре ки зикр шуд, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол аз қабули он 30 – сол пур мешавад, дар он тамоми самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ шудааст.
Эҳтиром ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи кишвар вазифаи ҳар як шахс мебошад. Бинобар ин, мо ҳамеша бо мақсади баланд бардоштани сатҳи тарбияи насли наврас, тарғибу ташвиқи одоби ҳамидаи муошират, риояи арзишҳои волои умумибашарӣ ва миллӣ, дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи нек ба воя расонидани ҷавонон бояд кӯшиш намоем ва танҳо дар ин сурат метавонем ба дастовардҳои нав ноил гардида, муқаррароти Қонуни асосии кишварро воқеан дар ҳаёт амалӣ созем.
Ҳамчунин, дар ҳамоиш устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи милли Тоҷикистон Абдулаҳадзода Собирҷон ва мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии донишгоҳ Шарофзода Эраҷ оид ба рисолати Конститутсия изҳори андеша намуданд.
 
“Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад. Пояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ормонҳои миллӣ ва мардумии халқамон бино ёфтааст. Ин санади муҳими тақдирсоз, давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ба сӯйи комёбиҳои бузург раҳнамоӣ мекунад”,-таъкид доштанд маърӯзачиён.
Бояд гуфт, ки дар давоми 30 - соли қабули Конститутсия кишварамон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳо ба пешравиҳои назарррас ноил гардид. Аз ҷумла, фароҳам омадани фазои осоиштаву босубот, таъмини сартосарии сулҳу ваҳдати миллӣ, барқарор намудани муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон аз рисолати таърихии ин санади бебаҳои сарнавиштсоз ва олии ҳуқуқӣ маншаъ мегирад.
 
Дар охир барои болидаруҳии иштирокчиёни ҳамоиш аз тарафи дастаи ҳунарии “Муҳандиси ҷавон”- и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ армуғони идона пешниҳод шуда, як қатор фаъолон бо Сипосномаву Ифтихорнома сарфароз гардиданд.
 
   
 
 
 
 
 
 
    465536705_1125997226195742_6827857817285002587_n_1465737587_1125997262862405_2154110976758546312_n
 
 
 

Ба рӯйхат