АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР

 21.08.2025

АКСИЯИ ТАРҒИБОТӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАР ТАҲТИ УНВОНИ "ҶАМОЛУ ЗИННАТИ ДУНЁИ ЭЙ ЗАН"
 
Дар доираи нақша-чорабиниҳои факултети Механикӣ ва технологии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба муносибати Рӯзи модар аксияи тарғиботӣ гузаронида шуд.
 
Дар доираи ин аксия аз ҷониби раёсати факултет ба хусус декан дотсент Гадоев С.А ва муовини декан оид ба тарбия Сафаров Б.С. омӯзгорону кормандони ҷинси латифи факултетро ба муносибати Рӯзи модар ва иди баҳор табрик гуфта, ба эшон гул ва Ифтихорнома тақдим намуданд.
 
Иштирокчиёни аксия аз ин иқдоми садорати факултет изҳори хушнудӣ намуда, онро гарм истиқбол намуданд ва дар навбати худ донишҷӯёнро бо иди баҳор табрик гуфтанд.
Зикр карда шуд, ки чунин иқдомҳои садорати факултети Механикӣ ва технологии Донишгоҳ ба муносибати ҷашну маросимҳои миллӣ идома хоҳад ёфт.

Ба рӯйхат