МИЗИ МУДАВВАР

 25.08.2025

ҶАҲОНЗЕБУ ҶАҲОНОРОӢ ЭЙ ЗАН

Ба муносибати Рӯзи модар бо ташаббуси раёсати тарбияи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ таҳти унвони “Ҷаҳонзебу ҷаҳонороӣ эй зан” мизи мудаввар доир карда шуд.

Дар кори мизи мудаввар ректори донишгоҳ д.и.и., профессор Давлатзода Қ.Қ. муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С. фаъолзанону бонувони собиқадор ва кормандону омузгорон иштирок намуданд.

Чорабиниро ректори муассиса Давлатзода Қ.Қ ифтитоҳ намуда, аҳли бонувони донишгоҳро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрику муборакбод гуфт. Таъкид карда шуд, ки зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад. Модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад.

Дар идома муовини ректор оид ба тарбия н.и.п, дотсент Аҳмадзода Б.С. суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва масъалаҳои баробарии гендерии занону мардон диққати махсус дода мешавад. Дар тӯли 34 соли Истиқлол дар мамлакат мақому манзалат ва нақши занону бонувон мустаҳкам гардида, эшон дар баробари иҷрои рисолати модарии хеш инчунин дар иҷрои вазифаҳои шаҳрвандӣ бо заҳмату ташаббусҳои созандаи худ дар рушди ҳама соҳаҳои хоҷагии мамлакат нақши созгор доранд. 


Ба рӯйхат