Конференсияи илмӣ-техникии байналмилалии донишҷӯён ва аспирантон

 18.03.2022

Дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Институти энергетикии Москва» санаи 17 марти соли 2022 конференсияи илмӣ-техникии донишҷӯён ва аспирантон «Радиоэлектроника, электротехникӣ ва энергетика» баргузор гардид (роҳбари сексияи 62 и.в. мудири кафедраи "Электротаъминкунӣ" н.и.т., и.в. дотсент Исмоилов Фирдавс, котиби сексия: н.и.т. Ниёзӣ Сироҷиддин).

Дар кори конференсия намояндагони раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Донишгоҳи миллии тадқиқотии «Институти энергетикии Москва», намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Испания, Миср, Покистон ва дигар кишварҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат