Тавсеаи ҳамкориҳо бо Донишгоҳи техникии Қазоқистону Британия

 05.04.2022

4-уми апрели соли 2022 намояндагони Донишгоҳи техникии Қазоқистону Британия таҳти роҳбарии менеҷери департаменти интернатсионализатсия ва рушди стратегӣ Турганбекова Гаухар ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ташриф оварда, бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саъдуллозода Ш.С. мулоқот карданд.

Зимни мулоқот сатҳи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун баррасӣ гардида, омодагӣ барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз карда шуд.

Дар рафти мулоқот доир ба як қатор масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мубодилаи афкор ба амал омада, омодагии ҷонибҳо ҷиҳати тақвият додани фаъолияти муштарак дар самти ҳамкориҳои минтақавӣ, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва нашри якҷояи маводҳои илмӣ баён гардид.

277766348_7679447635413565_6046194086780542678_n277768952_7679448008746861_3966756598115383582_n277741246_7679448272080168_2914896866758342121_n277769216_7679448572080138_2904331587077200548_n

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_international #TTU_2022


Ба рӯйхат