ВОХӮРИИ СУДМАНД

 05.04.2022

Имрӯз 5-уми апрели соли 2022 мулоқоти роҳбарият ва намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Абдуллозода У.Б., намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафаров Ф., намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – полковники милитсия Мирзозода А., директори Маркази миллии солимии репродуктивии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон – номзади илмҳои тиб Ғанизода М., прокурори калони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Наботов М., намояндаи Агентии назорати давлатии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Одилбекиён С. ва намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат ва суханронӣ намуданд.

Мақсад аз баргузории чорабинӣ гузаронидани корҳои фахмондадиҳӣ вобаста ба амалигардонии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, муқовимат ба фаъолияти тахрибкоронаи ташкилоти экстремистӣ на террористӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, хурофот ва ифротгароӣ дар ҷомеа, тарғибу ташкили омӯзиши илму техникаи муосир ва талқини таҳаммулпазирӣ дар байни омӯзгорон ва донишҷӯён буд.

Дар охир саволу ҷавоби ошкоро доир шуд ва меҳмонон ба саволҳои бешумори донишҷӯён ҷавобҳои қаноатбахш доданд.

Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси хадамоти тарбияи донишгоҳ пайваста чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ташкил ва баргузор гардида, дар он шумораи зиёди устодон ва донишҷӯён иштирок мекунанд.

ssssss (13)sss (20)sss (28)sss (36)

Шуъбаи иттилооот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_тарбия #TTU_2022


Ба рӯйхат