Машварати корӣ вобаста ба баргузории чорабиниҳои илмӣ

 09.04.2022

Рӯзи 8-уми апрели соли равон дар толори маркази таълимии инноватсионӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдулло М.А. машварати корӣ вобаста ба баргузории чорабиниҳои илмӣ дар донишгоҳ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти раёсати илм ва инноватсия, шуъбаи магистратура ва корҳои илмӣ-тадқиқотии донишҷӯён, шуъбаи инноватсия ва нашрияҳои илмӣ, мудирони кафедраҳо, муовинони декан оид ба илм ва кор бо донишҷӯёни шартномавӣ ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Зимни машварати корӣ масъалаҳои марбут ба баргузории конференсияҳо ва семинарҳои илмии ҷумҳуриявии ва байналмилалӣ, иштироки намояндагони донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм - фурӯғи маърифат», олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин дигар чорабиниҳои илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид карда шуд, ки барои дар сатҳи зарурӣ муаррифӣ кардани донишгоҳ дар чорабиниҳои болозикр масъулинро зарур аст фаъолиятро дар ҳама самтҳо тақвият дода, дар якҷоягӣ бо сохторҳои гуногуни донишгоҳ чораҳои муассир андешанд.
277818880_7698542916837370_7641080155809548282_n278061847_7698542576837404_599563711390154932_n278065171_7698544080170587_2752157769821565156_n278071766_7698543610170634_8320983701420154769_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ыомеа.

Ба рӯйхат