Вохӯрии судманди аъзоёни созмонҳои ҷавонони факултетҳои донишгоҳ

 12.04.2022

11 апрели соли равон вохӯрии аъзоёни созмонҳои ҷавонони факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Комрон Асоев, раисон ва аъзоёни созмонҳои ҷавонон иштирок намуда, вобаста ба як қатор мавзӯъҳо суханронӣ карданд.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон зимни суханронии худ вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмонҳои ҷавонон таъкид дошт, ки созмонҳои ҷавонони факултетҳо омили муҳими мутобиқшавии донишҷӯёни курси якум ба раванди таълим дар донишгоҳ мебошанд ва аз ин лиҳоз нақши онҳо дар ҷалби довталабон ва тавсеаи тафаккури техникии донишҷӯён назаррас аст.
Зимнан қайд карда шуд, ки фаъолияти мунтазами созмонҳои ҷавонон дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои донишгоҳ ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми босазо дорад.
Дар рафти вохӯрӣ миёни иштирокчиён дар мавзӯҳои гуногун мубодилаи афкор сурат гирифт.
Роҳбарияти шуъбаи ҷавонон иброз доштанд, ки чунин вохӯриҳои судманд миёни аъзоёни созмонҳои ҷавонон мунтазам ташкил ва баргузор карда мешаванд.
278432411_7714218551936473_6477739002411853115_n278227414_7714218701936458_1483422105990325879_n278163300_7714218865269775_3840173774051416857_n278129700_7714219075269754_1563384421503954339_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат