Имрӯз - 15-уми апрели соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар доираи “Ҳафтаи илм” ва даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони донишгоҳ гузаронида шуд.
Дар озмуни мазкур Давлатзода Қ.Қ. - ректори донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуда, аз эҷодиёти ҷавонони ихтироъкор дидан намуд.
Дар озмун беш аз 30 нафар ихтироъкорон ва навоварони ҷавон бо эҷодиёти амалии худ ширкат доштанд. Аъзои ҳакамон беҳтаринҳоро барои иштирок дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ба даври ноҳиявӣ интихоб намуданд.
Рафти чорабинӣ аз ҷониби шумораи зиёди намояндагони ВАО барои инъикос дар шабакаҳои телевизионӣ ба навор гирифта шуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.