Иштироки устодон ва донишҷӯён дар ниммарафони ХII байналмилалии Душанбе-2022

 16.04.2022

Имрӯз - 16-уми апрели соли 2022 бо ташаббуси шаҳрдории Душанбе ба ифтихори Рӯзи пойтахт ниммарафони ХII байналмилалии Душанбе-2022 баргузор гардид.

Мусобиқаи байналмилалии мазкур бо мақсади устувор намудани робитаҳои ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкории судманди иқтисодиву иҷтимоидошта, дар асоси татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар мусобиқаи мазкур беҳтарин варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо шаҳри Душанбе ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодидошта аз қитъаҳои Аврупо, Амрико, Африқо ва Осиё иштирок намуданд. Бояд қайд кард, ки дар Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе-2022 имсол дар баробари намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 10 варзишгар аз 7 давлати хориҷӣ, аз қабили Қирғизистон-3, Ӯзбекистон-3, Кения-2, Эфиопия-3 ва дигар кишварҳо ширкат варзиданд.
Ниммарафони XII байналмилалии Душанбе, ки масофаи 21 километру 97 метрро дар бар мегирад, аз майдони назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт шурӯъ шуда, дар майдони Дӯстӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ба поён расид.
Дар ин чорабинӣ беш аз 200 нафар устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ низ фаъолона ширкат варзиданд. Ҷавонони донишгоҳ бо меҳри самимӣ ва ифтихор аз сокини пойтахт буданашон ин марафони давро ҳамчун арҷгузорӣ ба Рӯзи пойтахт дониста, бо роҳбарии муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим Маҳмадизода М.М., муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асоев К., мудири кафедраи тарбияи ҷисмонии донишгоҳ - Маҳмарасулов М. бо коллективи устодони кафедра ва дигар мутасаддиён иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ниммарафони Душанбе аз соли 2010 дар Рӯзи пойтахт, ки шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил карда мешавад, баргузор мегардад ва соли 2013 ба тақвими мусобиқоти Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ва давҳо дар масофаи дур ворид гардид.
Аввалин бор Ниммарафони байналмилалии Душанбе дар масофаи 21 километру 97,5 метр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва беҳтарин давандҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

20220416_085448Безымянный

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат