Мизи мудаввар дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳҳои татбиқи он»

 20.04.2022

Санаи 18-уми апрели соли 2022 бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон дар якҷоягӣ бо деканати факултети технологияҳои инноватсионӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Сиёсати давлатии ҷавонон ва роҳҳои татбиқи он» ташкил ва баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асоев Комрон, раиси Ҷамъияти илмии донишҷӯён Ардашер Шерзодиён, муовинони декан ва аъзоёни фаъоли созмони ҷавонони факултети технологияҳои инноватсионӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Комрон Асоев аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ҷоннок кардани фаъолияти созмони ҷавонони факултети технологияҳои инноватсионӣ саҳмгузорӣ карда, шумораи аъзоёни созмони ҷавононро зиёд намоянд ва чорабиниҳоро ба сатҳи сифатан нав бароранд.
Бояд тазаккур дод, ки бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонон миёни устодон ва донишҷӯён мунтазам чорабиниҳои гуногун ташкил мешаванд.
278689941_7745611355463859_2291201330719123790_n278762130_7745611958797132_4715865560240254514_n278666618_7745611658797162_691255798306815965_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат