Машварати илмӣ дар озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии Исмоил Ҷазерӣ

 23.04.2022

22-юми апрели соли 2022 дар озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии Исмоил Ҷазерӣ бо иштироки ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қ.Қ. машварати илмӣ баргузор гардид.

Дар машварат дурнамои рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, пешбурди фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар донишгоҳ ва имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳо дар самти илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни машварат доир ба масъалаҳои болозикр ибрози андеша карда, масъулин ба имконияти татбиқи чораҳои пешниҳодгадида баҳо доданд.
Инчунин, зимни машварати илмӣ дурнамои истифодаи иқтидорҳои озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии Исмоил Ҷазерӣ баррасӣ гардида, мутасаддиёни озмоишгоҳ самтҳои фаъолияти озмоишгоҳро ба иштирокчиёни машварат муаррифӣ карданд.279054560_7759152584109736_5985797229193692952_n279013818_7759153537442974_6836665261407444233_n278865589_7759148844110110_3354157593363560700_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат