Баргузории машқи дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ дар хобгоҳи №3

 23.04.2022

Бо фаро расидани айёми гармии табиат дар назди хобгоҳи №3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ машқҳои дастаҷамъонаи пагоҳирӯзӣ оғоз гардид.

Ин иқдом бо ташаббуси мудири хобгоҳи мазкур - Муслиҳиддин Маҳмадалиев роҳандозӣ гардидааст. Инчунин ин корманди ташаббускор бо ташкили чорабиниҳои варзишии зиёд бахшида ба рӯзҳои гуногун ва идҳо дар байни хобгоҳҳои донишгоҳ фарқ мекунад.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_тарбия #TTU_ҷавонон #TTU_2022


Ба рӯйхат