Ҳамасола аз ҷониби Шӯрои Миллии Тадқиқотии Испания (CSIC) рейтинги шаффофият гузаронида мешавад, Рейтинги шаффофият нишон медиҳад, ки то чи андоза маводҳои нашршудаи илмӣ ва таълимӣ дастрасии озод доранд.
Тибқи рейтинги мазкур Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҷойи 22 (аз 37) ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона донишгоҳ дар ин рӯйхат мебошад.
Устодону донишҷӯёни ин даргоҳро барои дастоварди навбатӣ табрик мегӯем!
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.