Зокирзода Аминҷон Раҳмон мутахассиси пешбари Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ва ҳамзамон ассистенти кафедраи “Неругоҳҳои электрикӣ”, инчунин аспиранти курси якуми Донишгоҳи илмӣ-таҳқиқоти Донишкадаи энергетикии Москва дар лоиҳаи “III-юмин нашрияи байналмилалии китоб” ҳамчун “Беҳтарин олими ҷавон – 2021” миёни муассисаҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси ассосиатсияи шахсони ҳуқуқӣ дар шакли иттиҳодияи “Ҳаракати умумимиллии “БОБЕК” ташкил гардида буд, иштирок намуда, сазоваори дипломи дараҷаи як ва медали сарисинагӣ гардид.
Ин чорабинӣ рӯзҳои 20-ум ва 21-уми апрели соли 2021 дар шаҳри Нур-Султони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.
Давлатзода Қудрат Қамбар – ректори донишгоҳ олими ҷавонро бо ин муваффақияти навбатӣ самимона муборакбод намуда, аз номи коллективи устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои фаъолияти илмии ӯ барору комёбиҳо таманно кард.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.