БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ БАЙНИИДОРАВИИ МАШВАРАТӢ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ

 04.05.2022

4-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи Комиссияи байниидоравии машваратӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ баргузор гардид.

Ҷаласа таҳти раёсати муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саидмуродзода Ш. сурат гирифта, дар он намояндагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар намояндагони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур тасмим гирифта шуд, ки дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ гурӯҳи корӣ аз ҳисоби намояндагони муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва вазоратҳои болозикр таъсис дода шуда, доир ба нишондиҳандаи асосии Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 таҳлили воқеӣ гузаронида шавад.

Дар ин робита ба аъзоёни комиссия вазифа ва супоришҳои зарурӣ супорида шуд. Дар назар аст, ки комиссия дар муҳлатҳои муайян ҷаласа баргузор намуда, пешравиҳои ин самтро доимо баррасӣ менамоянд ва барои татбиқи ҳадафи мазкур чораҳо меандешанд.

IMG_2517IMG_2532 IMG_2511

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат