ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ ДАР ХОБГОҲИ №3-И ДОНИШГОҲ

 06.05.2022

5-уми майи соли 2022 дар хобгоҳи №3-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрӣ бо намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаинзода З., Одилбекиён С. – нозири шуъбаи муомилоти маводи нашъадор ва пешгирии нашъамандӣ, Мирзоев Н. – мудири шуъбаи иттилоот ва чопи Муассисаи давлатии маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи ташкилию тарбиявии донишгоҳ – Саторова М., раиси Шӯрои кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳ – Раҳимова С., роҳбарияти хобгоҳи №3 ва донишҷӯёни хобгоҳ иштирок намуданд.

Ин чорабинӣ бо мақсади иҷрои муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, арҷгузорӣ ба суннатҳову арзишҳои фарҳанги миллӣ ва ниёгон, пешгирии исрофкорӣ дар ҷашну маросимҳо, тақлидкории ҷавонон ба пӯшидани сару либоси ба фарҳанги миллати тоҷик бегона, пешгирии нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ ва ҳолати санитарию гигиенӣ дар хобгоҳ доир гардид.

изображение_viber_2022-05-04_22-15-55-145изображение_viber_2022-05-04_22-15-53-082изображение_viber_2022-05-04_22-15-58-171

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат