ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ БОНУВОНИ ДОНИШГОҲ ДАР МУСОБИҚАИ БАСКЕТБОЛ

 07.05.2022

Рӯзи 6-уми майи соли 2022 бо иштироки Ширинбекзода Садриддин – мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Гулаҳмадзода Зулфиқор – Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони мусобиқаи баскетбол байни дастаҳои бонувон баргузор гардид.

Сароғоз Ширинбекзода С. суханронӣ намуда, роҷеъ ба таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, нақши онҳо дар давлатдории миллӣ, баргузории силсилаи чорабиниҳои гуногун ба ифтихори Рӯзи ҷавонон ҳарф зад. Сипас Гулаҳмадзода З. зимни суханронии худ дастаҳои варзиширо барои иштироки фаъолона изҳори сипос намуда, оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, оммавӣ гардонидани варзиш, сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат изҳори андеша карда, дастаҳои ғолиб ва мураббиёни онҳоро барои ғолибият дар мусобиқаи мазкур таҳният намуд.

Аз ҷониби меҳмонон ғолибон бо ҷому медалҳо ва диплому туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд:

-ҷойи 1-умро дастаи бонувони варзишгар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ касб намуда, ҷоми мусобиқаро ба даст оварданд;

-ҷойи 2-юм насиби дастаи варзишии бонувон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гардид;

-ҷойи 3-юм насиби дастаи варзишии бонувон аз Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон гардид.

Сардовари мусобиқа, доварон ва мураббиёни дастаҳои варзишӣ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм ба даври шаҳрии мусобиқа роҳ ёфтанд.

изображение_viber_2022-05-05_02-42-45-688изображение_viber_2022-05-05_02-42-45-317изображение_viber_2022-05-05_02-43-33-590изображение_viber_2022-05-05_02-42-45-547

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат