ПОСИ ХОТИРИ ҚАҲРАМОНОНИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ

 07.05.2022

Рӯзи 6-уми майи соли 2022 хонандагони Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои поси хотири қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар боғи Ғалабаи пойтахт дастагул монданд.

Ин амали нек дар доираи соати тарбиявӣ ва гиромидошти 77-умин солгарди ғалаба бар фашизми гитлерӣ анҷом дода шуд.

Боиси дастгирист, ки имрӯзҳо ҷавонони кишвар дар қатори дигар сокинони Тоҷикистони азиз қурбониён ва мардонагиву далерии родмардони Ватанро дар шикаст додани қувваи аҳримании фашизми гитлерӣ ёдоварӣ ва қадрдонӣ мекунанд.

изображение_viber_2022-05-04_16-56-06-003изображение_viber_2022-05-04_16-56-04-045изображение_viber_2022-05-04_16-56-05-173

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Ба рӯйхат