ТАҚВИЯТИ ҲАМБАСТАГӢ: БУНЁДИ АВВАЛИН УСТОХОНАИ ЛУБАН ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

 11.05.2022

Раванди ҷаҳонишавӣ ба система ва усули дарсбарӣ дар муассисаҳои таълимӣ навовариҳои нав ворид кард. Муассисаҳое, ки ба воқеияти нав дар соҳаи маориф ва илм мутобиқ шуданд, дар низоми муосири таълим ва илм пешсаф ва муваффақ мебошанд.
Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар самти татбиқи техника ва технологияҳои муосир, инчунин барномаҳои навин дар раванди таълим чораҳои муассир роҳандозӣ менамояд. Дар муддати кутоҳ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор лоиҳаҳо амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла озмоишгоҳи таълимӣ-истеҳсолии ба номи Исмоил Ҷазерӣ, озмоишгоҳи моделсозӣ дар сохтмон, озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ ва 5 маркази таълимии инноватсионӣ бунёд карда шуда, татбиқи дигар лоиҳаҳо давом дорад.
Ҳамин тавр, барои бештар мутобиқ намудани раванди таълим ба стандартҳои байналмилалӣ, тақвият додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти устодон ва донишҷӯён, инчунин баҳри тавсеаи тафаккури техникии муҳассилини донишгоҳ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Устохонаи Лубан бунёд карда мешавад.
Устохонаи Лубан бренди ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф ва илм мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад. Устохонаи Лубан ба номи ҳунарманд, муҳандис ва ходими барҷастаи ҳарбиву давлатии Чин, ки 2500 сол пеш зиндагӣ кардааст, номгузорӣ шудааст.
Бори аввал 13 июли соли 2021 аъзои Шурои давлатӣ, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И ҳангоми мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонии худ Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, ки аввалин Устохонаи Лубан дар Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мешавад. Бо дарназардошти иқтидори бузурги илмӣ Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии заминавӣ дар самти омодакунии кадрҳои муҳандисӣ ва техникӣ барои бунёди Устохонаи Лубан интихоб гардид. Дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд миёни ду кишвари дӯсту бародар 24 декабри соли 2021 мулоқоти роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи касбӣ-техникии Тянҷин, ки аз ҷониби Чин барои бунёди устохона муаззаф шуда буд, баргузор гардид. Бо баргузории мулоқоти мазкур марҳилаи банақшагирӣ ва мувофиқаи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ шурӯъ шуда, дар муддати кутоҳ ҳаҷми калони корҳо иҷро шуданд.
Зимни мулоқот бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин зарурати тақвият додани раванди бунёди Устохонаи Лубанро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввалин иншооти тарҳи зерин дар Осиёи Марказӣ мебошад, иброз намуданд.
6 майи соли 2022 маросими оғози бунёди Устохонаи Лубан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Бо иштироки роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, намояндагони Донишгоҳи касбӣ-техникии шаҳрсозии Тянҷин ва ширкатҳои чинӣ дар майдони сохтмон ва биное, ки дар он устохона ҷойгир мешавад, корҳои таъмирӣ ва азнавсозӣ оғоз карда шуданд. Дар айни замон бунёди устохона бомаром идома дорад ва тибқи нақша иншоот дар фасли тирамоҳ мавриди истифода қарор мегирад.
Бунёди Устохонаи Лубан дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ иқтидори илмии муассисаро ба сатҳи комилан нав мебарорад. Дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосир, ки қисми зиёди онҳо то ҳол дар минтақаи Осиёи Марказӣ мавриди истифода қарор нагирифтаанд, ба устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ барои омӯзиш ва истифода дастрас мешаванд. Бо мусоидати шарикон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳайати илмӣ-педагогии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон истифодаи пурраи дастгоҳ ва таҷҳизотҳои замонавиро омӯзонида, дар баробари бамаротиб беҳтар кардани раванди таълим дар донишгоҳ барои кишвари мо мутахассисони баландихтисоси сатҳи ҷаҳониро омода менамоянд.
Алоҳида саҳми Устохонаи Лубанро дар рушди фаъолияти моделсозӣ қайд кардан бамаврид аст. Платформаи истеҳсоли маълумоти базавии геоинформатсияи SmartGIS Survey (истеҳсоли ширкати «Нанфан») ҳамчун системаи махсусгардонидашудаи истеҳсоли маълумоти асосии геоинформатсионӣ, ки бо нармафзори идоракунии маълумоти GIS муттаҳид карда шудааст, барои боркунӣ, табдилдиҳӣ, коркард, назорати сифат, тақсимот ва баромади маълумоти асосии геофазоӣ амалиётҳои мушаххас иҷро карда, имконияти тартиб додани харитаҳои бузурги топографиро доро аст.
Барномаи моделсозӣ дар Устохонаи Лубан барои гузаронидани озмоишҳои виртуалии моделсозӣ, ба пуррагӣ бозсозӣ кардани муҳити виртуалии сеченака (3D) ва ҷамъоварии маълумот барои гузаронидани корҳои таълимӣ-методӣ ва таълими малакаҳои ибтидоии касбӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ба омӯзгорон имкони ба роҳ мондани раванди таълимро дар асоси технологияҳои зеҳнӣ ва иттилоотию коммуникатсионии муосир медиҳад.
Дар баробари имкониятҳои нав дар соҳаҳои болозикр, оғози фаъолияти устохона барои мустаҳкам кардани робитаҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Чин дар бахши иқтисод, маориф ва илм, техника ва технология, саноат, сохтмон ва энергетика заминаҳои нав эҷод намуда, риштаи дӯстии кишварҳои бародар Тоҷикистон ва Чинро беш аз пеш мустаҳкам мекунад.
280291038_7842454419112885_3993668609718022269_n Без названия 279895756_7842459735779020_900488335462688589_n 280067792_7842460782445582_1617353719720791986_n 279456071_7842457462445914_1912173886098250463_n 279459056_7842455389112788_2621139811780625076_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат