Иштироки намояндагони донишгоҳ дар экспресс-курс барои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ

 11.05.2022

10-уми майи соли ҷорӣ дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» донишҷӯёни донишгоҳ таҳти роҳбарии мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асоев К. дар экспресс-курс барои ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ иштирок намуданд.

Зимни баргузории экспресс-курс тренерҳои босалоҳият ба донишҷӯён вобаста ба бизнес-идея, роҳҳои амалишавии он ва тарзи омода намудани бизнес-план тавассути рӯнамо маълумот пешниҳод намуда, мафҳуми саводнокии молиявиро шарҳ доданд.
Дар рафти курс бо донишҷӯён машғулиятҳои амалӣ баргузор гардида, дар қисмати музокирот донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои зарурӣ гирифтанд.
280072997_7843982252293435_4211489458726714540_n 280272764_7843990132292647_8486904380883201012_n 280596667_7843986478959679_7020222707682864192_n 280659005_7843982742293386_7184463363739177236_n 280641619_7843984745626519_8818444761938171089_n 280596667_7843986478959679_7020222707682864192_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Ба рӯйхат